Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа
Боз ҳам мехоҳанд, ки шуморо нест кунанд. Оинаи ҷаҳоннаморо бинед, дар хонаи подшоҳ барои шумо чӣ омодагӣ мегиранд.
Гулпарӣ оинаи ҷаҳоннаморо тоб дод, булбулигӯё гуфтан гирифт. Занҳои подшоҳ дар пешгоҳи айвони зебо барои меҳмонон ҷои ҷудогона омода карданд. Ба ҳама чиз заҳр пошиданд. Ҳатто дар ҷои нишаст.
Гулпарӣ гуфт:
– Дидед? Ба меҳмонӣ фақат ҳар дуи шумо, ки фарзанди подшоҳ ҳастед, равед. Вақте ки ба даромади қаср наздик мешавед, ак-аки ду сагро мешунавед. Ин сагҳо ҳар касро бинанд, мекафонанд. Вале ба шумо коре надоранд. Чунки бо шири модари шумо калон шудаанд. Шумо ба ҳамон тарафи ак-аки саг равед. Занеро мебинед, ки то гардан дар даруни хок аст. Ба подшоҳ мегӯед, ки аввал ин занро аз хок берун барор, баъд мо ба қасрат медароем. Подшоҳ асабонӣ мешавад. Шумо гӯед, ки «чӣ хел одамизод саг мезояд?» Оинаи ҷаҳоннамою булбулигӯёро ҳам бо худ бареду пеш аз зиёфат тоб диҳед, вай ҳамаро ба онҳо ҳам намоиш медиҳад ва ҳам ҳикоят мекунад.
Фардо одамони подшоҳ омада, Заркокулу Маҳпешониро ба меҳмонӣ даъват карданд. Ба дарвозаи қаср рафтанд, ки ду саг ак-ак мекунад. Заркокулу Маҳпешонӣ давида ба наздаш рафтанд. Занҳои парешонҳоли подшоҳ омада гуфтанд, ки:
– Наравед, наравед, ин саг одами бегонаро ду пора медаронад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё