Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа
сам» мегӯяду ба назди Гулпарӣ меравад. Одатан париҳо ҳамаи воқеаҳоро медонанд. Гулпарӣ мегӯяд:
— Ин подшоҳи кишвар аст, падари туст.
Заркоқули ҳайрон:
— Чӣ хел? — мегӯяд.
Гулпарӣ:
— Ҳоло подшоҳро ба қаср дароварда меҳмон кун, баъд мефаҳмӣ — мегӯяд.
Подшоҳ ба қаср медарояду ҳангу мангаш меканад. Чунин қасрро дар хобаш ҳам надида буд. Гулпарӣ зуд ба париҳояш фармон дод. Дар як дам сад навъ хӯрок омода шуд. Подшоҳ ин гуна зиёфатро дар тамоми умраш надида буд. Баъди зиёфат ва ҳурмату эҳтиром подшоҳ Заркокулро ба меҳмонӣ даъват кард. Баъди рафтани подшоҳ Гулпарӣ оинаи чаҳоннаморо тоб медиҳад. Вай нишон додан мегирад, булбулигӯё саргузашти модари Заркокулу Маҳпешониро нақл кардан мегирад. Оинаи чаҳоннамо тамоми саргузашти подшоҳ, Заркокулу Маҳпешонӣ, модараш ва сагбачаҳоро нишон медиҳаду булбулигӯё ҳикоят менамояд. Акаю хоҳар ин воқеаи даҳшатокро дида, даст ба гардани якдигар андохта гиря мекунанд. Гулпарӣ онҳоро тасалло медиҳаду мегӯяд:
— Подшоҳ шуморо даъват мекунад. Ман намеравумам. Занҳои подшоҳ медонанд, ки шумо зиндаед. Ҳамаи ин корҳо, ки ту ба куртаи доманаш чарҳу остинаш қарс рафтӣ, дарахтро овардӣ, оинаи чаҳоннаморо пайдо кардӣ, булбулигӯёро дастрас намудӣ ва маро овардӣ, барои нобуд кардани шумоён буд. Ҳоло ҷони онҳо дар хатар аст, онҳо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё