Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

АфсонаКӯдаконНаврасон
Аз аввал хондан

Гузашт. Дид, ки майдони васеъ пур аз ҳайкали бешумор. Акааш ҳам дар паҳлуи ин ҳайкалҳо, ҳайкал шудааст. Духтар ба назди ҳайкали акаш омада, сари ду зону нишаста, бо садои хеле гуворои дилнишину таъсирбахш бо оҳанги хушнаво аз дилу ҷон нола мекунад:

– Эй булбулигӯё, биё ба сарам шин!

Ин аввалин садое буд, ки хеле фораму нозуку занона буд. Садоҳои пешин ҳама мардона буданд. Булбул то ин дам чунин садои гӯшнавозро нашунида буд. Садо ба булбул мефорад. Духтар се маротиба «Эй булбулигӯё, биё ба сарам шин!» гӯён садо менамояд. Булбулигӯё баробари шунидани садои сеюм омада ба сари духтар мешинад. Ҳамин дам тамоми ҳайкалҳо одам мешаванд. Ба ҳам задани ду кӯҳ ҳам таққӣ мемонад. Заркокул, ки санг шуда буд, ба аслаш бармегардад. Хоҳараш гирёну нолон ба гардани акаш мечаспад.

Ҳама ба булбулигӯё ҳуҷум мекунанд. Яке мегӯяд «булбулигӯё аз ман», дигаре мегӯяд «не, аз ман». Сеюми мегӯяд, ки «ман сад сол аст дар ин ҷо санг шудам, аз ман», чорумӣ мегӯяд «ман дусад сол шуд, ки санг шудам, аз ман», панҷуми мегӯяд, ки «ман ҳазор сол аст, ки интизорам, булбулигӯё аз ман».

Баъд худи булбулигӯё ба гап медарояду мегӯяд:

– Бас! Шарм кунед! Ман аз ҳеҷ кадоми шумо нестам. Худоро шукр кунед, ки ҳамаи шумо санг будед, дубора одам шудед. Агар нолаи ин духтар намебуд, шумо абадӣ санг мемондед. Ҳоло шумо нафси худро идора накунед, дубора ба таври абадӣ санг мешавед.

пешина
аз 264
навбатӣ