Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

АфсонаКӯдаконНаврасон
Аз аввал хондан

зашта рав. Мегузарию мебинӣ, ки ҳайкалҳои сангини зиёд аст. Ҳамаи онҳо барои гирифтани булбули гӯё омада санг шудаанд. Дар паҳлуи яке аз сангҳо меистию «булбулигӯё! Биё, ба сарам шин!» гуфта, садо мекунӣ. Агар бахтат омад кунад, ба сарат омада мешинад. Баъд ту булбулигӯёро гирифта меравӣ. Агар бахтат омад накунад, мисли ҳамон одамон ту ҳам санг мешавӣ.

Заркокул ба дара меояд. Хеле даҳшатнок. Ба ҳамдигар зада, кушода шудани ду кӯҳро мебинад. Баъди як дам бо шаст аз байни ду кӯҳ сиҳат саломат мегузарад. Дар паҳлуи ҳайкали аввали سنگin омада меистаду бо садои баланд мегӯяд:

— Бубулигӯё, биё, ба сарам шин!

Булбул намеояд. То зону санг мешавад. Бори дуюм садо мекунад:

— Бубулигӯё, биё ба сарам шин!

Булбул намеояд. То гарданаш санг мешавад. Бори сеюм бо фиғон садо мекунад:

— Бубулигӯё, биё, ба сарам шин!

Бубул намеояд. Бача тамоман санг мешавад.

Шабу рӯз ду чашми хоҳар ба ҷурғот буд. Яке духтар мебинад, ки ҷурғот хун шудаст. Зуд ба аспаш савор шуда, ба роҳи бародараш рафтагӣ меравад. Ба хонаи ҳамон девкамир мерасад. Девкампир мефаҳмаду мегӯяд:

Акат барои ту меҳрубонтарин одам буд. Ҳамаи хизматро бароят кард. Лекин овардани булбулигӯё кори хеле мушкил буд. Ҳоло кор аз кор гузашт. Рав аз паси наҷоти акаат.

Девкампир фаҳмонд, ки чӣ бояд кунад. Духтар ҳам ба ҳамон дара омаду давида аз байни ду кӯҳ

пешина
аз 264
навбатӣ