Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа
АфсонаКӯдаконНаврасон
Аз аввал хонданГов гуфт:
- Хуб шудааст. Ту ба ман алаф биёр, ман ба ту шир медиҳам.
Гурба дав-давон ба замини алаф рафт. Дид, ки алафаш пажмурда шудааст. Гурба ба замин гуфт:
- Замин-замин, илтимос ба ман алаф деҳ, ман алафро ба гов диҳам, гов ба ман шир диҳад, ширро ба бибӣ диҳам, бибӣ думамро диҳад.
Замин гуфт:
- Хуб, вале мебинӣ, ки алафҳои ман пажмурда шудаанд. Мироб об доданро фаромӯш кардааст. Аввал ба ман об деҳ, баъд ба ту алаф медиҳам.
Гурба давида-давида пеши мироб рафту гуфт:
- Салом, акаи мироб.
- Валайкум ассалом, гурбии думбурида.
- Илтимос, ба замин об бидеҳ, замин ба ман алаф диҳад, алафро ба гов диҳам, гов ба ман шир диҳад, ширро ба бибӣ диҳам, бибӣ думамро диҳад.
Мироб гуфт:
- Гурбаҷон, майлаш. Лекин ман гурусна, ба ман тухм биёр. Ман тухмро хӯрда қувват гирам. Баъд заминро об диҳам.
Гурбаи бечора зуд дав-давон ба назди мург омаду зорӣ кард:
- Мург, мург, илтимос, ба ман тухм деҳ. Тухмро ба мироб диҳам, мироб заминро об диҳад, замин ба ман алаф диҳад, алафро ба гов диҳам, гов ба ман шир диҳад, ширро ба бибӣ диҳам, бибӣ думамро диҳад.
Мург кут-кут-кут карду гуфт:
- Майлаш, лекин ман гуруснаам. Ту аввал дон биёр, ман донро хӯрам, баъд ба ту тухм диҳам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё