Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа
ГУРБАИ ДУМБУРИДА
Буд, набуд, як бибӣ буд. Вай як гов дошт. Говаш гӯсола кард. Бибӣ ҳар рӯз пагоҳӣ ва бегоҳӣ говашро меҷӯшид. Ширашро дар як лаган андохта ба ошхона мегузошт. Шир қаймоқ мебаст. Қаймоқро ба набераҳояш медод. Онҳо кайф карда мехӯрданду бозӣ мекарданд. Баъди бозӣ ба гови бибӣ алаф меоварданд.
Чун одат, як пагоҳӣ бибӣ аз хобаш хесту ба ошхона даромад. Ногоҳ дид, ки як гурбаи сиёҳи ало ширашро мехӯрад. Бибӣ гурбаи дуздро дида дар ғазаб шуд. Оҳиста ин тарафу он тараф нигоҳ кард, ки чизе ёфта гурбаро занад. Чашмаш ба табар афтод. Табарро гирифта чунон ба думи гурба зад, ки думаш канда шуд.
Бибӣ ба назди лаган омада дид, ки гурба ширро пок-покиза хӯрдаст. Гурбаи бедум ба сари девор баромада, илтиҷоомез ба бибӣ гуфт:
– Мияв-мияв-мияв, думамро бидеҳ.
Бибӣ бо асабоният ҷавоб дод:
– Гурбаи дузд! Аввал ширамро бидеҳ! Баъд думатро бигир!
Гурба, ночор, давида-давида назди гов рафту гуфт:
– Мияв-мияв-мияв, говҷон, ба ман шир деҳ, ман ширро ба бибӣ диҳам, бибӣ думамро диҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё