Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа
Дар ин китоб кӯшиш кардам, ки матнҳои пеш чопнашударо интихоб намоям. Ҳамчунин андаке таровати гуфтори мардумро низ нигоҳ дорам. Аксари матнҳое, ки дар ин китоб оварда шудааст, дар маҷмӯаҳои пешини «Афсонаҳои халқи тоҷик» нест. Масалан, афсонаи паҳлавонии «Барзуи деҳқон ва Рустами Достон»-ро ман борҳо аз тариқи диктафон сабт кардам. Дар ин афсонаи паҳлавонӣ набарди Рустам бо наберааш Барзу тасвир шудааст. Агар дар яке аз достонҳои «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ Рустам писараш Сӯҳробро кушта бошад, дар ин ҷо бобову набера ҳамдигарро пайдо карда кишварҳои Эрон ва Тӯронро ба сулҳ даъват менамоянд.
Шояд пас аз хондани ин маҷмӯа дар дили шумо ҳам ҳавасе пайдо мешавад, ки афсонаҳои аз калонсолон шунидаи худро сабт менамоед. Агар ин тавр кунед, хеле хуб мешавад, он гоҳ мо метавонем, дар оянда дар асоси матнҳои ба нашриёт фиристодаи шумо, бо машварати худи шумо, китоби дигаре таҳия намоем. Дар чунин ҳолат заҳмати шумо низ дар китоб ҳатман қайд хоҳад шуд.
Ҳоло марҳамат, ба хондани китоб.
Равшан Раҳмонӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё