Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

АфсонаКӯдаконНаврасон
Аз аввал хондан

гуфтории мардуми тоҷик» (2010) низ чоп шудааст, аммо то ба имрӯз ба забони арабӣ нашр нагардидааст. Дар дасти ман аз ин афсона 12 вариант ҳаст. Дар ин маҷмӯа яке аз нусхаҳо, ба забони адабӣ, бо номи «Сағирадухтар» бозгӯӣ шудааст. Агар бо диққат таваҷҷуҳ намоед, ин афсона ҳамон матни машҳури «Золушка»-ро, ки дар асоси он филм ҳам таҳия шудааст, ба ёд меорад. Вале афсонаи тоҷикӣ тамоман фарқ дорад.

Хонандагони азизу арҷманд!

Ман медонам, ки баъзе аз ин афсонаҳоро шумо аз бобо, бибӣ, падару модар ва ё хешовандонатон шунидаед. Шояд дар ёди шумо ба таври пурра, як лавҳаи хурди он, ё фақат номи қаҳрамонаш боқӣ мондааст. Ё шояд шумо як нусхаи ҷаззоби онро шунидаед, ки мо аз он бехабарем. Агар варианти афсонаи шунидаи шумо дигар бошад, метавонед онро бинависеду ба ягон рӯзнома ва ё маҷалла фиристед, то чоп шавад.

Яке аз вазифаҳои олимони афсонашинос ин аст, ки аз ҳар гӯшаву канори кишварамон он матнҳоеро, ки калонсолон ҳикоя мекунанд, сабт намоянд. Ана барои ҳамин олимони афсонашинос, онҳоро аз байни мардум гирд меоваранд ва дубора бозгӯӣ намуда, пешкаши хонандагон менамоянд. Ё матнҳои сабтшударо дар бойгонӣ нигоҳ медоранд, то олимон барои таҳқиқ аз он истифода баранд.

Дар охир барои шумо як чизро ёдовар мешавам. Ман ҳанӯз ҳам аз калонсолон ба воситаи
диктафон, ё видео ҳар гуна матнҳои фолклориро
сабт менамоям. Ҳангоми ба нашр омода намуда-

пешина
аз 264
навбатӣ