Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа
Гурбаи сарсон хеле шуд саргардон, рафт ба пеши деҳқон, гуфт аз дарди ҷон:
– Салом, бобои деҳқон, соҳиби ғаллаю дон.
– Валейкум бар салом, гурбаи думбуридаи нимҷон.
– Бобоҷон, илтимос, ба ман дон бидеҳ. Дона ба мурғ диҳам, мурғ ба ман тухм диҳад, тухмро ба мироб диҳам, мироб заминро об диҳад, замин ба ман алаф диҳад, алафро ба гов диҳам, гов ба ман шир диҳад, ширро ба бибӣ диҳам, бибӣ думамро диҳад.
Деҳқони заҳматкаши раҳмдил пушту сари гурбаро сила карду аз дил гузаронд: «Худо ба ман ин гурбаро расонд» ва гуфт:
– Ба назарам, гурусна ҳам ҳастӣ. Ту аввал ишкаматро сер кун. Ҳамин мушҳои амбори маро биқапу бихӯр, ман ба ту дон медиҳам.
Гурба шод шуд, аз ғам озод шуд. Рафту дар дами сӯрохи муш нишаст. Ҳар муше, ки мебаромад, меқапиду мехӯрд. Дигар муше намонд, ки ба анбори деҳқон дарояд. Деҳқони шодон, ба гурба дод дон.
Гурба донро гирифт, бо шаст давид, ба пеши мурғ расид. Мурғ донро хӯрду тухм дод. Гурба тухмро гирифта овард ба мироб. Тухмро мироб хӯрду заминро кард шодоб. Замин ба вай алаф дод, алафро ба назди гов овард. Гов алафро хӯрду ба вай шир дод. Гурба ширро ба бибӣ дод. Бибӣ ҳам хушҳол шуду гуфт ба фарёд:
– Ма, бигир думатро! Ин дафъа дуздӣ кунӣ, мекушам худатро!
Гурба хушҳол шуду думашро гирифта, ба назди устои кафшдӯз омад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё