Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

АфсонаКӯдаконНаврасон
Аз аввал хондан

— Э рӯбоҳ, ман зиқ нашавам кӣ зиқ шавад. Ман тамоми сол заҳмат кашидам. Ҳоло як хирс омада мегӯяд, ки «ман ҳам шарик».

Рӯбоҳ мегӯяд:

— Фардо ман ба он баландӣ баромада ба пушти дарахте пинҳон меистам. Хирс, ки омад, бо садои баланд мепурсам: «Ӯ, бобо деҳқон, ман шикорчиам, дар ҳамин ҷойҳо ягон хирс надидӣ?» Ту ҷавоб деҳ: «не, надидам». Баъд хирс аз ту мепурсад, ки ман чӣ кор кунам. Ту гӯй, ки ба таги коҳи гандум пинҳон шав. Пинҳон, ки шуд, хирсро оташ зан.

Рӯзи дигар хирс ба назди деҳқон меояд. Рӯбоҳ баробари дидани хирс аз паси дарахт бо овози баланд мепурсад:

— Ӯ, бобо деҳқон, ман шикорчиам, ягон хирс надидӣ?

Деҳқон ҷавоб медиҳад:

— Не, надидам.

Бечора хирс аз тарс аз деҳқон мепурсад:

— Эй деҳқон, ба ман ёрдам те, ман чӣ кор кунам.

Деҳқон мегӯяд:

— Зуд ба таги коҳ пинҳон шав.

Хирс ба таги коҳ пинҳон мешавад. Деҳқон ҳам гӯгирдро мегираду оташ мезанад. Хирс чиззу биз карда месӯзад. Деҳқон гандумро ҷамъ карда ба амбор ҷо мекунад. Рӯбоҳ меояду мегӯяд:

— Хайр, ман роҳ нишон додам, акнун ҳақи маро бидеҳ.

Деҳқон гуфт:

— Хуб шудааст.

пешина
аз 264
навбатӣ