Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

АфсонаКӯдаконНаврасон
Аз аввал хондан

ДЕҲҚОН, ХИРС ВА РӮБОҲ

Дар замонҳои гузашта деҳқоне буд. Вай бо заҳмат ҷуфт карда, кишт намуда, ҳосил гирифта зиндагиашро пеш мебурд. Соле ҳангоми ҷуфт ба наздаш як хирс меояду мегӯяд:
– Акаи деҳқон, ман ҳам шарики шумо.
Деҳқон мебинад, ки як хирси бадхайбат, ҷавоб медиҳад:
– Майлаш, шумо ҳам шарик.
Хирс шарик будани худро гуфту баромада рафт. Дигар чанд моҳ пайдо нашуд. Деҳқон ҷуфт кард, кишт кард, гандумро даравид, хирман карда, ба халтаҳо ҷо мекард, ки хирс омаду ба деҳқон гуфт:
– Ёдат ҳаст, ман шарик будам.
Деҳқон ҳам аз тарс мегӯяд:
– Бале, ёдам ҳаст шумо шарик ҳастед. Марҳамат, фардо биёед.
Деҳқон хеле зиқ шуд, ки ин муфтхӯр аз куҷо пайдо шуд. Ба ҳар ҳол, корашро давом дода, як халта гандумро ба пушташ бардошта ба анбораш мебурд, ки аз пешаш рӯбоҳ баромад. Рӯбоҳ зиқии деҳқонро дида пурсид:
– Ҳа, бобои деҳқон, чаро зикӣ?
Деҳқон ҷавоб медиҳад:

пешина
аз 264
навбатӣ