Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

НаврасонАфсонаКӯдакон
Аз аввал хондан

— Як дам ба бистари нарму гарм хоб кун, ман ба дастшӯӣ мераваму бармегардам.

Мулло бо хаёлҳои ширини айш ба даруни кӯрпа даромаду дароз кашид. Зани заргар ба берун рафту дари хонаро баст. Рафту ҳамсояҳои худро ҷамъ карду гуфт:

— Ба хонаи ман дузде даромадаст. Ба ман ёрӣ диҳед. Шояд ҳама якҷо онро биқапем.

Мардуми зиёд дар паси дарвоза ҷамъ шуданд.
Зан бо найранги хос оҳиста ба хона даромаду ба мулло гуфт:

— Ин ҷо ба мо халал мерсонанд. Биё, ба хонаи аввал равем.

Каниз либоси муллоро овард. То либос пӯшидани мулло зан кӯрпаву кӯрпачаву рӯҷою болиштро ба як тугун баст. Баъд ба мулло гуфт:

— Инро ба пушт бардор, то ба хонаи дигар равем. Мулло тугун дар пушт аз хона баромад.
Ҳамин дам ҳамсояҳо зану мард ба сӯи мулло давиданду гуфтанд: «Дузд! Дуздро қап!» Мардум муллоро дастгир карда, зери мушту лагат гирифтанд. Ришашро тор-тор канданд. Сару рӯяшро харошиданд. Мулло аз хуш рафту боз ба хуш омад. Қисса кӯтоҳ, миршабҳо муллоро зада-зада ба зиндон бурданд. Баъзеҳо ӯро мешинохтанду мехостанд, ки халосаш кунанд. Зани заргару канизаш доду фиғон мекашиданд, ки «ин мард ҳазор тангаи тиллои моро дуздид». Зан зуд бо доду фиғон ба назди подшоҳ омаду гуфт:

пешина
аз 264
навбатӣ