Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа
— Не, аввал ҳазор танга тиллои амонати шавҳарамро бидеҳ, баъд ман аз ту мешавам.
Мулло сахт бетоқат буд. Мехост занро ба оғӯш гирад, вале ӯ розӣ набуд. Баъд мулло бо гапҳои ширин ба зани заргар гуфт:
— Эй париваши моҳҷабини нозанин, ман бароят борҳо гуфтам, ки ҳазор танга тиллои шавҳари ту дар дасти ман аст. Ӯ ба ман барои амонат дода буд. Онро ба ту бармегардонам, ҳамчунин боз даҳ баробари он сарвати худро ба пои ту нисор хоҳам кард. Ҷонам, зудтар биё дар канорам.
Ин гапро шунида зан гуфт:
— Эй мулло, ман як зан ҳастам. Шояд ту ҳозир барои додани ҳазор танга тиллои шавҳарам розӣ ҳастию баъди ситонидани коми худ туро шайтон аз роҳ мезанаду рад мекунӣ.
Мулло ба сари зону ба пеши зан ҳам мешаваду мегӯяд:
— Не, не, ҳаргиз! Ман, дар ҳақиқат, ҳазор танга тиллои шавҳари туро ба амонат гирифта будам, онро ҳатман бармегардонам ва худам ҳам тамоми умр ғуломат мешавам.
Зан ин гапро шунида гуфт:
— Майлаш, ман розӣ, лекин дар ёд гир, ки ман ғайр аз ҳамин сандуқ шоҳиди дигаре надорам.
Ҳамаи ин гапҳоро он се тани бараҳна – миршаб, ҳоким, қозӣ, ки дар даруни сандуқ буданд, мешуниданд. Дар дил мегуфтанд, ки ана зани зираку доно, чӣ тавр додани амонатрод ба гардани мулло бор кард. Баъд зан ба муллои бараҳна гуфт:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо