Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

НаврасонАфсонаКӯдакон
Аз аввал хондан

– Дароед ба ин сандуқ.
Қозӣ ба сандуқ даромад. Каниз дари сандуқро басту кулф кард.

Ниҳоят зан бар он хонае омад, ки мулло интизораш буд. Барояш гуфт:
– Маро бубахш, бародарамро солҳо надида будам. Вай соате бароям дарди дил кард. Вай рафт. Ҳоло ба назди ту омадам, ки айш кунем. Рафтем ба хонаи дигар, ки дар он ҷо нозу неъмату тахти хоб омода аст.

Шаб шуда буд. Зан муллоро аз дасташ гирифту ба хонаи сандуқдор овард. Барояш шарбате пешкаш намуд. Мулло, ки хеле интизор буду шаҳваташ сахт бедор шуда буд, даст ба гардани зани заргар андохт. Ин ҳолатро дида зан муллоро ба наздики сандуқ, ки дар он ҷо се шоҳид буд, бурду гуфт:
– Эй мулло, ту марди меҳрубонӣ, суханҳои дилнишин дорӣ, ман як бор не, сад бор розӣ ҳастам, ки бо ту дар айш бошам, вале аввал ҳазор тангаи тиллои заргарро баргардон, баъд машғули айш мешавем. Мана, бинед, ин бистари хоб барои шумо омода кардам. Саллаву ҷомаву ҳама чиз аз тан қашед. Имшабу шабҳои дигар бо ҳам ҳастем.

Мулло ҳама чиз, ки дар танаш буд кашид. Зан либоси муллоро ба каниз дод. Каниз гирифту ба ҷое маҳкам кард. Зану мулло ба нӯшидану хӯрдан шурӯъ карданд. Тоқати мулло тоқ шуд. Хост, ки занро ба бистар барад. Зан боз гуфт:

пешина
аз 264
навбатӣ