Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

АфсонаКӯдаконНаврасон
Аз аввал хондан

Ҳокими бараҳана давида рафту ба даруни сандуқ даромад. Каниз дари сандуқро пӯшида қуфл кард. Ҳамин дам ба хона қозӣ даромад. Дар тан ҷомаву дастори беҳтарин, дар миён камарбанди заррин, дар пой кавшҳои хушдӯхти чармин. Зан бо табассум даст ба гардани ӯ бурду ӯро ба самти бистар кашид. Қозӣ аз ин рафтори ӯ ақлу ҳуши худро аз даст дод. Як ҳамён тиллоро, ки оварда буд, ба пеши пои зан партофт. Каниз бо ишорати зан ҳамёнро бурд. Қозӣ дид, ки бистари хоб омода аст, эҳсосоташ баландтар гашту ба кашидани ҷома шурӯъ кард. Зан гуфт:
– Марҳамат, ба нозу неъмат. Либосро кашеду ба тахти хоб бифармоед.

Қозӣ чанд луқма аз нозу неъмат гирифту шарбате нӯшиду бо ҳамон эҳсоси баланд либосро кашида, тани бараҳна ба бистар даромад. Каниз либосро ба хонаи дигар гирифта рафт. Зан ҳам як култ шарбат нӯшида, гӯё ба гулӯяш монда бошад, сахт сурфид ва рақскунон ба сӯи қозӣ омад, ки дар тақ-тақ шуд. Зан бо овози баланд пурсид:
– Эй каниз, чӣ гап?

Каниз гуфт:
– Падарат аз роҳи дур омадаст.

Зан ба қозӣ мегӯяд:
– Мебахшед, ман солҳост, ки падарамро надидам. Чанд лаҳза бо вай мебошаму зуд меоям.

Қозӣ гуфт:
– Ман чӣ кор кунам?

Зан гуфт:

пешина
аз 264
навбатӣ