Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа
– Зуд ба ин сандуқ даромада, як дам мунтазир шав. Ҳамин ки вай рафт, мебарой.
Миршаб тани бараҳна ба сандуқ даромад. Каниз аз болои ӯ дарро баста, қулф зад. Зан ҳокимро пешвоз гирифту ба хона даровард. Ӯро навозиш кард. Аз навозиши зан ҳоким саршори ишқ гардиду чанд ҳадяи тиллову тангаи овардаашро пешкаш намуд. Каниз ҳадяро гирифта бурд. Зан гуфт:
– Марҳамат, либосҳои худро кашида ба тахти хоб баро.
Зан чанд нозу карашма карду дили ҳокимро ба ваҷд овард. Ҳоким аз хушҳолӣ бараҳна шуду ба зери кӯрпаи тахти хоб даромад. Каниз либосҳои ӯро ба берун бурд. Зан ба бистари ҳоким наздик шуду як сурфаи бардурӯғ карда буд, ки дари хона сахт тақ-тақ шуд. Зан ба назди дар омада пурсид:
– Ҳа, чӣ гап?
Каниз бо садои баланд гуфт:
– Ҳазрати қозӣ омаданд?
Ҳоким аз тарсу ҳарос бо шаст аз ҷой мехезаду мепурсад:
– Қозӣ ба ин ҷо чӣ кор мекунад?
Зан мегӯяд:
– Вай дӯсти наздики шавҳарам аст, барои диданаш омадааст. Мабахшед, ман бояд ба пешвозаш равам. Вай ки рафт, меоям.
Ҳоким гуфт:
– Ман чӣ кор кунам?
Зан гуфт:
– Рав, ба даруни он сандуқ пинҳон шав.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо