Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа
Зан ба берун баромаду супориш дод, ки ба хонаи дигар сандуқи сехонадорро биоваранд. Ҳамин дам дарвозаро касе тақ-тақ зад. Каниз дарро кушод. Ин шахс мувофиқи ваъда миршаб буд. Зан ӯро бо муҳаббат пешвоз гирифт. Ба хона даровард. Зару зеваре, ки миршаб оварда буд, ба зан дод. Каниз зару зеварро гирифту рафт. Зан миршабро ба канор кашиду ба хонаи сандукдор даровард. Нозу неъмат овард. Зан ба миршаб гуфт:
– Тамоми либосатро кашида, бароҳат бош, имшаб айшу ишрат аз мост.
Миршаб аз хушомадгӯӣ зуд амал кард. Саллаву ҷомаву мӯзаву ҳама чизро кашид. Каниз онҳоро ба берун бурд. Зан як сурфае карду ба миршаб гуфт:
– Марҳамат, ба бистари хоб.
Ҳамин дам занҷири дари хона тақ-тақ шуд. Зан пурсид:
– Ин кист, ки дарро мезанад?
Каниз ҷавоб дод:
– Ҳокими шаҳр.
Миршаб тарсиду пурсид:
– Ҳокими шаҳр ин ҷо чӣ кор мекунад?
Зани заргар ҷавоб гуфт:
– Вай дӯсти ҳамсарам аст. Ба пурсиши аҳволи ӯ омадааст.
Миршаб гуфт:
– Ман чӣ кор кунам?
Зан гуфт:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо