Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

АфсонаКӯдаконНаврасон
Аз аввал хондан

Занро ба бағал кашад, вале зан ишорат кард, ки фардо.

Қисса кӯтоҳ, имшаб муллору миршабу ҳокиму қозиро хоб набурд. Онҳо тамоми шаб дар ҷойгоҳи хоби худ ба ҳар тараф паҳлу мегаштанд, ки кай рӯз мешавад. Он нозанини моҳлиқои дилрабову дилфиреб аз пеши чашмашон дур намерафт.

Зан ба каниз баъзе чизҳоро ёд дод. Аз ҷумла гуфт, ки ҳамеша дар пушти дар бош, агар сурфа кунам зуд биёву дарро тақ-тақ кун ва гӯй, ки фалонӣ омад.

Ҳанӯз субҳ надамида, мулло ба худ хушбӯиҳо зад. Ба як ҳамён сад танга гирифта, ба хонаи заргар расиду дарро тақ-тақ зад. Зан муллору бо муҳаббат пешвоз гирифт. Ба канор кашид. Мулло ҳам сад тангаро ба пеши пои ӯ нисор намуд.
Каниз сад тангаро гирифта муллору ба хонаи махсус, ки омода карда буд, бурду ба пешаш нозу неъмат гузошт. Баъд зан як сурфаи сохта кард.
Ҳамин дам каниз сурфаро шунида дарро тақ-тақ зад. Зан дарро кушоду гуфт:

– Чӣ гап?

Каниз гуфт:

– Бародарат омада.

Зан гуфт:

– Муллои азиз, каме мунтазир бош. Ман солҳост, ки бародарамро надидаам. Як-ду соат бо ӯ гап занаму гуселаш мекунаму зуд бармегардам. Ана, баъд ман то саҳар дар ихтиёри туям.

Зан аз хона баромад. Каниз дарро маҳкам баст.

пешина
аз 264
навбатӣ