Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа
Зан ҳам бо малоҳату ҳам бо суханҳои пурлататофат ҳокимро сад баробар мафтуни ишқаш кард. Дид, ки ҳоким аз ақл бегона мешавад, ба ӯ наздиктар рафт. Даст ба сари китфаш расонду бо табассуми бисёр латиф танашро андаке ба ӯ наздик бурд. Бо ин рафтор ҳокими ошиқро шайдо кард. Зан ҳокимро низ ба хонааш даъват кард.
Аз ин ҷо баромада, ҳамроҳи каниз ба дафтари қозӣ омад. Қозӣ занро бо ин либоси фоҳира дида, ҳуш аз сараш парид. Зан ҳам бо хандаи намакин парда аз рӯи худ бардошт. Қозӣ дид, ки зан табассум мекунад. Аз дидани ҳусни ӯ дилаш ларзиду вуҷудаш такон хӯрд. Баъди ороиш зан боз ҳам назарработару дилкаштар шуда буд. Қозӣ аз дидани ҷамоли ин моҳпайкар натавонист худро нигоҳ дорад. Дафъатан гуфт:
— Имрӯз боз ҳам зебову дилработар шудаӣ.
Зан дар ҷавоб гуфт:
— Эй қозӣ, ман ҳам дар ин чанд рӯз фикр карда, ба натиҷа расидам, ки умр барбод надиҳам. Дар зиндагӣ азоби зиёд кашидам. Акнун каме роҳат ҳам бинам. Пушаймон ҳастам, ки он рӯз гуфти туро қабул накардам. Омадам, ки бипурсам. Ту қозӣ, одами номдор ҳастӣ. Мехоҳам боқимондаи умрамро бо ту гузаронам. Инак, марҳамат карда, фардо шом ба хонаи ман ташриф ор.
Зани заргар даъват карду наздиктараш рафт. Чашмонашро хуморӣ кард. Даст ба риши қозӣ бурд. Қозӣ ҳам аз ин рафтор бехуд гашт. Хост,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо