Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

АфсонаКӯдаконНаврасон
Аз аввал хондан

Надорам. Метарсам, ки дар айёми пирӣ ин зани зебо маро тарк кунад. Ин ҳазор тангаи тиллоро ба амонат ба як ҷо нигоҳ дор, ҳамин ки лозим шуд, аз ту мегирам.

Мулло гуфт:
– Дӯстам, ин кори ту оқилона аст. Одам бояд мисли ту дурандеш бошад.

Мулло тиллоро гирифта рафту ин сирро ба касе нагуфт. Вале сарнавишт чунин гашт, ки пас аз муддате заргар нобино шуд. Ҳар сарвате, ки дошт, сарф кард. Дигар чизе намонд. Зани покдоману порсояш заргарро нигоҳубин мекард, ғамхору меҳрубонаш буд. Рӯзе ночор заргар розашро ба занаш кушоду гуфт:

– Ҳамсари меҳрубонам. Ман аз ту миннатдорам, ки ҳамеша ҳамдилу ҳамдами ман ҳастӣ. Вале ман аз ту як розеро пинҳон медоштам. Ин маблағе буд, ки онро ман ба дӯстам мулло дода будам.
Ташаккур бар ту, ки дар ин рӯзҳои мушкил низ маро тарк накардӣ. Ҳоло ба хонаи дӯсти ман мулло рав. Барояш гӯй, ки ҳамон амонатро диҳад, то харҷи зиндагӣ кунем.

Зан фаранҷӣ бар сар карду ба хонаи мулло рафту гуфтаи шавҳарашро ба ӯ расонд. Мулло занро дида, ҳисси ошиқиаш боло рафту фурсати муносибро аз даст надода, гуфт:

– Эй париваши моҳваш, ҳамсари ту дигар
нобинову пиру фартут аст. Ман солҳост, ки дар
ишқи ту кабобам. Чорае надоштам. Шабу рӯз

пешина
аз 264
навбатӣ