Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа
Рустами Таҳамтан аз Ковус хоҳиш кард, ки рӯзи нахусти Наврӯз бо лашкараш дар наврӯзгоҳи Балх ояд. Барзу ҳам бо машварати бобояш ба Тӯрон мераваду аз Афросиёб хоҳиш мекунад, ки бо лашкараш дар рӯзи нахустини Наврӯз ба наврӯзгоҳи Балх ташриф орад. Ҳар ду шоҳ ба пешниҳоди паҳлавонон гӯш доданд.
Аввали баҳор. Гулҳо шукуфон. Дарахтон гулпӯш. Замину саҳрову кӯҳу дара гулрезу сабзапӯш. Рӯзи нахусти Наврӯз. Дар шаҳри зебои Балх лашкарони Эрон ва Тӯрон дар рӯ ба рӯи ҳамдигар саф кашиданд. Ҳам шоҳи Эрон ва ҳам шоҳи Тӯрон бо вазирон дар сафи пеши лашкар истоданд. Рустам аз самти лашкари Эрон ба майдон мебарояд. Барзу аз самти лашкари Тӯрон ба пешвозаш меояд. Бобою набера якдигарро ба оғӯш мекашанд. Рустам ба болои санге, ки ба монанди тахт буд, мебарояду бо садои баланд мегӯяд:
— Ҷаноби Ковус ва Афросиёб! Дигар ҷанги Эрон ва Тӯрон бас аст!!! Бас аст хунрезии ноҳақ! Бас аст ҷанги хонумонсӯз! Монед, мардум дигар бо созишу осоиш зиндагӣ кунанд! Ҳар мушкиле, ки пайдо шавад, онро фақат бо машварат ҳал кунед! Дар асл эрониёну тӯрониён аз як нажоданд! Фаромӯш накунед, ки: «банӣ одам аъзои як пайкаранд». Тамоми мардумони олам хешу таборанд. Наход хешовандон бо якдигар ҷанг кунанд! Бас ҷанг! Ман дигар пир шудам. Ин қадар ҷангҳои шадидро дидам. Ин қадар модарон ба доғи фарзанд синабирён шуданд! Ин қадар арӯсон бешавҳар моданд! Ин қадар кӯдакон

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо