Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа
Бор чунон тез омада истодааст, ки дар як мижа задан сад, дусад метр пеш меояд. Яке Барзу ҳис кард, ки ин бобояш Рустам аст. Ҳамин паҳлавони аспдавон ба назараш монандӣ бобояш шудан мегирад.
Худро нигоҳ дошта наметавонаду якбора «боообооооо-ҷооооон!» гӯён дод зада, бо дасти баста, дорро аз бехаш меканаду ба замин чаппа мешавад.
Ин садо ба гӯши Рустам мерасаду ӯ Раҳшро як қамчини сахт мезанад. Дар як лаҳза Рустам ба назди дор омада, дастони бастаи Барзуро мекушояд. Дорро титу парешон мекунаду Барзуро ба оғӯш мегирад. Чанд лаҳза бобою набера ба бӯсу канор ва паҳлавонон бо задану кӯфтани лашкари Фаранг машғул мешаванд. Подшоҳ аз тарс ба даруни кохи худ мегурезад. Рустам мегӯяд:
— Нагурез. Мо ба ту коре надорем. Мо дигар ҷанг кардагӣ нестем. Аз ту хоҳиш, ки ба роҳи рост даро. Ба кишвари мо тобеъ шав. Оини моро бипазир.
Ҳа дарун боз як кохи дигар будааст. Рустам ба назди дар омада зулфтаки дарро мебинад, ки оби тилло давондагӣ. Якбора дастаи дарро мекашад, ки дар кушода мешавад. Подшоҳ аз ору номус, пазируфтани оини кишвари дигарро барои худ ор медонад. Аввал ба қафаси синаи духтараш Фарангибону, баъд ба дили худ ханҷар мезанад.
Ҳар ду мемиранд.
Рустам кишвари Фарангро, ки мардуми фақиру нотавон дошт, ба Эронзамин мепайвандад. Баъд бобою набера ба Балх меоянд. Раҳораҳ машварат мекунанд, ки дигар ба ҷанги Эрону Тӯрон поён бахшанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо