Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

АфсонаКӯдаконНаврасон
Аз аввал хондан

Як дарвеши чолок ба аспи тездав савор шуда худро ба Эронзамин мерасонаду рост ба назди Рустам меравад. Посбонҳо дарвешро иҷозат намедиҳанд, ки Рустамро бинад. Баъд фаҳмиданд, ки аз Барзу хабар овардааст, иҷозат доданд. Дарвеш ба назди Рустам даромада мегӯяд:
— Ба шумо муборак бод!
— Э дарвеш, чаро муборак мегӯӣ?! Бачаамро худам куштам, набераамро гум кардам, ба доғи вай сӯхтам, боз муборак мегӯӣ, аҳмақ!
— Э Рустами Достон, бархез аз ҷоят. Ман хабари хуш овардам. Барзу зинда. Дар зиндони подшоҳи Фаранг.

Рустами нимҷон хабари зинда будани Барзуро шунида, ҷон мегираду ба танаш неруи нав пайдо мешавад. Ба паҳлавонояш мегӯяд, ки зуд аз паси ман! Худаш ба Рахш савор шуда, бо суръат ба сӯи кишвари Фаранг асп медавонад.

Подшоҳи Фаранг барои пазируфтани оинаш ба Барзу муҳлат дода буд. Барзу розӣ нашуд, ки оини Фарангро бипазирад. Подшоҳ дигар аз ору номус ӯро ба дор овехтан хост. Рӯзи ба дор овехтани Барзу расид.

Барзуро бо чашми баста ба таги дор меоранд. Бори охир подшоҳ мепурсад:
— Эй паҳлавон, оини моро мепазирӣ?
Барзу посух медиҳад:
— Ҳаргиз.

Ба таги дор оварда чашмашро мекушоянд. Барзу бо чашми кушода ба ҳар тараф нигоҳ мекунад. Ногаҳон мебинад, ки аз дур як марди аспдавон пешопеш, бо як гурӯҳ аспсаворон ба ҳамин сӯ меояд. Ин аспса-

пешина
аз 264
навбатӣ