Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа
– Вай писари ягонаи ман Барзу аст. Афросиёб вайро ба ҷанги Рустам овард.
Маҳноз роҳро фаҳмид. Зуд ангуштариро аз дасташ бароварда боз ба Шаҳноз дод. Шаҳноз нагирифт. Маҳноз низ қабул накарду гуфт:
– Ман чӣ ёрӣ диҳам?
Шаҳноз пурсид:
– Вай дар чӣ ҳол аст?
– Дасту пояш ба занҷир бастагӣ.
Шаҳноз ба Маҳноз як сиккаи тилло дода мегӯяд:
– Аз ту хоҳиш мекунам. Мана, ин тиллоро гир.
Ба бозор раву чанд дона суҳон бихару ба Барзу бидеҳ, то занҷирро аз дасту пояш раҳо кунад.
Маҳноз бо тарс мегӯяд:
– Ман метарсам. Пай баранд, ба дорам мекашанд.
– Ту духтари хубӣ, як чора кун, азизи дилу ҷонам, – илтиҷо кард модари Барзу.
Маҳноз розӣ шуд. Ба бозор рафта, чанд сӯҳон харид. Рӯзи дигар ҳамроҳ бо хӯрок ба Барзу бурду дод. Барзу то дамидани субҳ аввал занҷири дасту пояшро ва баъд дари оҳанинро то саҳар бо сӯҳон бурид. Баъд дарро ба пояш якта зада, чаппа карда, ба берун мебарояд. Маҳноз, ки интизор буд, Барзуро ба назди модараш овард. Модар ва фарзанд бо ашки шодӣ ҳамдигарро ба оғӯш кашиданд.
Шаҳноз аспи Гулибодомашро меораду мегӯяд:
– Зуд бош, бачам, аз ин ҷо биравем.
Барзуи ҷавону хунгарму далеру нотарс:
– Не, модар, гурехтан номардӣ аст – мегӯяд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё