Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа
– Чаро ин тавр нигоҳ мекунӣ?
Дар ин чанд муддат, ки Маҳноз ба Барзу хӯрок меовард, ҳар ду ба якдигар меҳр баста буданд. Барзу аз духтар пурсон шуд:
– Мебахшӣ, чизе аз ту пурсам, дирӯз дар дасти ту ангуштари дигар буд, инашро аз куҷо пайдо кардӣ?
– Қорат чӣ?
– Агар росташро нагӯӣ, ман хӯрокатро намегирам.
Маҳноз бехабар аст, ки Шаҳноз модари Барзу аст, пас ночор мегӯяд:
– Ба хонаи мо як зане омад. Вай иҷора мешинанд. Зани меҳрубоне аст. Гоҳе бо якдигар гап мезанем. Дугона шудем. Ҳамон зан ин ангуштариро ба ман ҳадя дод.
Барзу фаҳмид, ки модараш омадааст. Ба Маҳноз гуфт:
– Ба он зан аз ман дуруд бирасон.
– Чӣ хел, вай барои ту кист?
– Гуфтам-ку барояш дуруд бирасон. Дигар савол надеҳ.
Маҳноз ба хона омада, андаке бо тарсу ҳаяҷон ба Шаҳноз воқеаро мегӯяд:
– Он ҷавони зиндонии тӯронӣ, ангуштарро дида, ба шумо дуруд гуфт.
Аз чашми бечора модар шашқаттор ашк рехт. Маҳноз ашки Шаҳнозро дида, ҳайрон монду пурсад:
– Чӣ шуд? Чаро гиря мекунед?
Маҳноз сари ӯро ба бағал гирифту навозишкорона тасалло дод. Шаҳноз ҳақиқатро мегӯяд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё