Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

КӯдаконНаврасонАфсона
Аз аввал хондан

шавад. Бузичаҳо давида, парида, ҷаҳида ба назди якдигар омаданду машварат карда гуфтанд:
— Не-не, ту очаи мо нестӣ. Агар очаи мо бошӣ поятро нишон деҳ!

Гург зуд аз таҳи дар пояшро дароз карда, ба бузичаҳо нишон дод. Онҳо диданд, ки пои гург зард аст, якбора гуфтанд:
— Не, ту дурӯғ мегӯӣ, очаи мо нестӣ, пои очаи мо сиёҳу ҷингила аст, пои ту зарди безеб. Зуд аз ин ҷо рав, мо ба ту дарро намекушоем!

Гург ҳар кор карда талош мекард, ки бузичаҳо дарро кушоянд. Боз овозашро ба буз монанд карда гуфт:
— Ба шумо чӣ шуд? Ман очаи шумо. Имрӯз дар саҳро борон борид, поям лой шуд. Дарро кушоед, ки алаф аз шоҳам мерезад, оби даҳонам хушк мешавад, шири пистонам мечакад.

Ҳамин дам Болошинак омада гуфт:
— Агар ту очаи мо бошӣ, рав, пойҳоятро шуста биё. То мо бинем, ки поят мисли пои очаи мо ҳаст, ё не?

Гург дид, ки ин ҳилаву найрангҳо ба кор намемеравад. Омад ба лаби ҷӯйи ботлоқ, ки обаш сиёҳ буд. Зуд пояшро ба об даровард. Ботлоқи сиёҳ ба мӯи пои гург часпид. Гург саросема боз давида омаду овозашро ба овози буз монанд карда гуфт:
— Бачаякои азизам, имрӯз дар саҳро борон буд. Зуд дарро кушоед. Мана ба пойҳоям нигоҳ кунед.

Алояку Балояку Таҳшинак бо диққат нигоҳ карданд, ки мисли пои очааш аст, дарро кушоданд. Баробари кушодани дар, гург бо шаст ба хона да-

пешина
аз 264
навбатӣ