Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

АфсонаКӯдаконНаврасон
Аз аввал хондан

Болошинакам, Таҳшинакам, дарро кушоед! Дар шохакам алаф, дар даҳонакам об, дар пистонакам шир овардам, дарро кушоед.

Одатан дарро Таҳшинак мекушод. Вай бо диққат ба овоз гӯш дод, ки овози очаш не. Якбора гуфт:
— Овози ту дигар, ту фиребгар. Очаи мо ҳозир рафт, вай бегоҳӣ меояд. Рав, беҳуда овора нашав!
Не, дарро намекушоем.

Рӯбоҳ аз ҷавоби Таҳшинак ноумед шуду рафт.
Шағолу гург аз дур, пинҳонӣ ин аҳволро диданд, ки кори рӯбоҳ барор нагирифт. Фардо шағолу гург аз ду роҳ ба хонаи бузак мераванд.

Шағол аз гург пештар дари бузро тақ-тақ зад.
Бузголаҳо овози шағолро шунида, фаҳмиданд, ки ин овози очашон нест, дарро накушоданд. Шағол ҳам ноумед баргашт. Гург инро диду худ ба худ гуфт: «Ҳоло навбати ман». Қариби бегоҳ буд, ҳоло буз аз саҳро наомада гург ба хонаи бузак рафта, дарро кӯфту овозашро мисли овози буз карда, гуфт:
— Алӯлакам, Булӯлакам, Хиштаки Сари Танӯракам, Тоқҷапаракам, Мехҷапаракам, Болошинакам, Таҳшинакам, дарро кушоетон! Дар шохакам алаф, дар даҳонакам об, дар пистонакам шир овардам, дарро кушоед.

— Ту очаи мо нестӣ, — гуфт Таҳшинак, — овози ту дигар. Рав, беҳуда овора нашав, дарро намекушоем!

— Мааа, Мааа, Мааа! Ба шумо чӣ шуд? Ман очаи шумоям, имрӯз хаста шудам, дарро кушоед!

Гург кӯшиш кард, ки овозаш мисли овози буз

пешина
аз 264
навбатӣ