Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

НаврасонАфсонаКӯдакон
Аз аввал хондан

Ромаду аввал Алӯлакро хӯрд, баъд Булӯлакро хӯрд. Бо ғазаб бо дандонҳои гиз ин тарафу он тараф ҷасту хез карда, як-як ҳамаро ёфта, зуд-зуд фурӯ бурду шоду хандон баромада рафт.

Гург баромада рафту буз омад. Дид, ки дари хонааш кушодагӣ. Саросема ба хона даромада дид, ки на Алӯлак ҳасту на Булӯлак, на Хиштаки Сари Танӯрак ҳасту на Таҳшинаку на Болошинак, на Мехҷапарак ҳасту на Тоқҷапарак. Буз ин аҳволро дида, худ ба худ гуфт:
– Э вой, доду бедод! Бачаҳои ман куҷо шуданд?

Зуд алафро ба охур гузошт, обро ба кӯзача андохт, ширро ба хурмача ҷӯшиду берун баромад.
Ин тараф, он тараф давида худ ба худ гуфт: «Ин кори рӯбоҳи маккор». Бо алам давида ба хонаи рӯбоҳ омад. Ӯ дар хонааш, барои меҳмонҳо хӯрок мепухт. Буз ҷаҳида болои боми рӯбоҳ баромада бо ду пои пешаш тук-тук, тук-тук, тук-тук задан гирифт. Рӯбоҳ садои тук-тукро шунида бо ғазаб гуфт:

– Кист дар ин бомаки ларзонаки ман?!
Хок мерезад дар ошаки явгонаки ман?!
Ошаки явгонаки ман шӯр шуд,
Чашмаки меҳмонаки ман кӯр шуд!

Бузак боми рӯбоҳро сахттар кӯфта, ҷавоб дод:

– Манам, Бузаки Чингилапо,
Мезанам ба ҳар ду по!
Алӯлакам ту хӯрдӣ!
Булӯлакам ту хӯрдӣ!

пешина
аз 264
навбатӣ