Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа
ноқисаҳо шуда буд. Аз ин рӯ, вай розӣ намешавад, ки писараш ба духтари ӯ хонадор шавад.
Падар розӣ нест. Зол қаҳр мекунаду мегӯяд:
— Ман ғайр аз вай каси дигарро намехоҳам.
Сом ҳайрон мемонад. Пас, ночор ба духтари шоҳи Кобул хостгор мефиристад. Аз омадани хостгорҳо шоҳи Кобул хурсанд мешаваду дар дил мегӯяд: «Хуб аст, ки сулҳ мешавад».
Бо тӯю тамошову шодмонӣ духтарро мебаранд. Духтар ҳомиладор мешавад. Аз байн нуҳ моҳ мегузарад. Шиками зан хеле калон, таваллуд карда наметавонад. Дояҳои зиёд кӯшиш мекунанд, ҳеҷ илоҷе намеёбанд. Бача дар шикам хеле калон буд. Ногаҳон ба ёди Золизард пари Симурғ мерасад. Зуд дуд мекунад. Дар як дам расида меояду бо нӯлаш шикамро пора карда, бачаро мегираду боз бо нӯлашу оби даҳонаш маҳкам мебандад. Пас аз таваллуд зани Золизард як оҳ мекашаду мегӯяд, ки «хайрият, растам». Аз ҳамин гапи зан номи ин кӯдаки паҳлавонҷуссаро Рустам мемонанд. Симурғ чанд бор оби даҳонашро ба шиками зан мемолад, ӯ зуд сиҳат мешавад. Ин буд ҳикояти Золизард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё