Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

НаврасонАфсонаКӯдакон
Аз аввал хондан

БАРЗУИ ДЕҲҚОН ВА РУСТАМИ ДОСТОН

Дар замонҳои хеле қадим дар кишвари Ориё паҳлавонҳои машҳур гузаштаанд. Онҳо ҷаҳонро ба ларза оварда буданд. Саравлоди онон Сом, писари ӯ Зол, писари Зол Рустам, писари Рустам Сӯҳроб, писари Сӯҳроб Барзу буд. Дар он рӯзгорон подшоҳон аз паҳлавонон тарсида, онҳоро ҷанг меандохтанд.

Фарзандони азизам, ҳоло ман ба шумо саргузашти Барзу писари Сӯҳробро, ки подшоҳон чӣ гуна ӯро бо бобояш Рустами ҷаҳонпаҳлавон ҷанг меандозанд, нақл мекунам. Воқеа ин тавр шуда буд.

Сӯҳроб дар наздикии Тирмиз, дар кӯҳҳои Босанд шикор мекард. Дар он ҷо ба як деҳқондухтари соҳибҷамол ошиқ мешавад. Номаш Шаҳноз буд. Ӯро ба занӣ мегирад. Сӯҳроб бо вай чил шабу чил рӯз зиндагӣ мекунад. Баъд, пеш аз рафтанаш ба ҷанги Эронзамин бо Шаҳноз хайру хуш карда, ба вай як ангуштар медиҳад, ки онро модараш Таҳмина дода буд. Он муҳри Эронзаминро дошт. Шаҳноз аз Сӯҳроб бордор мешаваду дар домани кӯҳи Босанд мемонад. Сӯҳроб ба ҷанги Эронзамин рафта, бо падараш Рустам ҷанг мекунад. Рустам дар вақти ҷанг се маротиба аз Сӯҳроб мепурсад:

пешина
аз 264
навбатӣ