Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

АфсонаКӯдаконНаврасон
Аз аввал хондан

додӣ, зан шавҳарашро таъна мекард, ки чаро харро додӣ.

Билохира мард занро аз хона зада пеш кард. Зан аз деҳа баромада ба тарафи саҳро рафту дар зери як бута нишаста буд, ки ба пешаш як гурба омаду «мияв-мияв-мияв» гуфтан гирифт. Зани сода гумон кард, ки гурбаро шавҳараш фиристодааст. Гуфт:

— Сад мияв-миявву пияв-пияв кунӣ ҳам, немеравам.

Гурбаро зада пеш кард. Аз байн боз каме вақт гузашт. Ин дафъа як саги гурусна забонашро лесида, думашро ликонда омада «ак-ак-ак» кардан гирифт. Ба умеди он ки ин зан шояд ягон пора нон медиҳад. Зан гуфт:

— Номаъқул кардӣ. Сад дум ликонию дусад бор ак-ка-ак кунӣ ҳам, немеравам гуфтам, немеравам.

Сагро зада пеш кард. Саг рафт.

Баъди чанде аз куҷо як шутури пурбор пайдо шуд. Маълум буд, ки шутур аз корвоне ҷудо шудааст. Шутур ба зан наздик шуд. Зан дид, ки як шутури пурбор дар наздаш. Аз ҷояш хесту ин тараф, он тарафашро нигоҳ карда, дар ду паллаи хӯрҷини болои шутур либосвориҳои қиматбаҳо, зару зевар, тангаву тиллоро дида шод шуд. Занак шод шуд, ки шавҳараш ин дафъа як шутури пурборро фиристодааст. Баъд ба шутур гуфт:

— Хайр майлаш, гурба омаду мияв-мияв-мияв кард, нарафтам; саг омаду ак-ак-ак карду дум ликонд, нарафтам; чӣ илоҷ, ту бо бору туҳфаи зиёд омадӣ, меравам.

пешина
аз 264
навбатӣ