Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

НаврасонАфсонаКӯдакон
Аз аввал хондан

Мард ба хараш савор шуду бо чӯбдаста хила кард. Хар мурданак йӯрға карда давид. Мард дар роҳ Наврӯзро дид, ки хӯрчин ба китф равон аст. Пурсид:
– Салом, ака.
– Валейкум.
– Ягон кас хӯрчин дар китфаш саросема ҳамон тараф нарафт?

Наврӯз фаҳмид, ки ин мард шавҳари ҳамон зан аст. Гуфт:
– Рафт, қафоша нигоҳ карда, нигоҳ карда рафт.
Мард гуфт, ки «ёфтам худи худаш».
– Гӯш кун, аз дунболаш хара давонам, расида метавонам?

Вай ҷавоб дод:
– Не, наметавонӣ.
– Чаро?
– Чунки ту харсаворӣ, вай пиёда. Агар харатро давонда равӣ, вайро надида, гузашта меравӣ.
– Пас чӣ кор кунам?
– Харатро ба пеши ман бимону бидав.

Мард бовар карду харро ба Наврӯз гузошту худаш чунон давид, ки дар як дам аз назар пинҳон шуд.
Наврӯз хӯрчинро ба хар бор карду қафо гашту роҳашро дигар кард.

Ин мард давида-давида-давида хеле рафт. Аз давидана рӯз бегоҳ гашту монда шуд. Баргашта ба хонаш омад. Ҳам чизу чора аз даст рафту ҳам хар. Байни зану шавҳар муноқиша сар шуд. Мард занашро сарзаниш мекард, ки чаро чизу чораро

пешина
аз 264
навбатӣ