Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

АфсонаКӯдаконНаврасон
Аз аввал хондан

Он мардак ҷавоб дод:
– Ҳа, хола, чӣ мегӯӣ?
– Ҳамин гови моро ҳам ба саҳро бар.
– Майлаш-майлаш. Фардо меояму мебарам.
Ин занаки сода ҳам номи Наврӯзро шунида гумон кард, ки шавҳараш ин чизҳоро барои ҳамин Наврӯз оварда будаст. Занак давида ба ҳамон тарафи овоз ба назди Наврӯз рафту гуфт:
– Акаи Наврӯз, гӯш кун. Анбори мо ҷои кам дорад. Чизу чораатро ҳамин ҳозир бар. Агар муш-пуш хӯрад, баъд аз мо гила накун.

Наврӯз марди зирак буд. Фаҳмид, ки ин зани сода ба вай чизе доданист. Зуд гуфт:
– Майлаш, хоҳед, худи ҳозир мебарам.
– Биё, бар.
Наврӯз ба хонаи он занаки сода омада, чизу чораро ба ду паллаи хӯрчинаш гирифта, ба китфаш гузошта рафт.

Бегоҳӣ мардак омад. Зан ба мард гуфт:
– Ман корро осон кардам. Пагоҳӣ Наврӯз омад. Ҳамон чизу чораро бо хӯрчинаш додам, бурд.
– Нафаҳмидам, кадом Наврӯз?
– О гуфта будӣ-ку чизу чора барои Наврӯз. Омад, додам, бурд.

Мард аз содагии занаш асабонӣ шуду ба сари вай дод зад:
– Нодон! Аҳмақ! Бефаҳм! Гӯлу гаранг! Ин чизу чора барои ҷашни Наврӯз буд. Вай кадом тараф рафт?
– Ҳо ба он тараф.

пешина
аз 264
навбатӣ