Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа
БАРОИ НАВРӮЗ
Дар замонҳои қадим як зан буду як мард буд. Онҳо хеле сода буданд. Гоҳе меҳрубон буданду гоҳ ҷангу ҷидол мекарданд. Онҳо ҳар сол пеш аз расидани баҳор, ҷашни Наврӯзро хуш мепазируфтанд.
Боз баҳор омаду ҷашни Наврӯз ҳам наздик шуд. Мард хост, ки имсол Наврӯзро нисбат ба солҳои пеш хубтар пешвоз гирад. Бо ин ният мард ба бозор рафту ду паллаи хӯрчин чизу чора хариду ба хараш бор карду ба хонааш омад. Зан ин қадар чизу чораи зиёдро, ки пеш надида буд, диду асабонӣ гашту аз шавҳараш пурсид:
— Мардак, мо ду нафар бошем, ин қадар чизу чора барои чӣ лозим?
Мард шоду хурсанд ҷавоб дод:
— Э занаки сода, ин ҳама барои Наврӯз. Ба наздикӣ меояд. Ҳамин ки Наврӯз омад, масъала ҳал мешавад.
Занак гумон кард, ки ин чизу чора истодан гирад, вайрон мешавад. Ба анбор муш даромада мехӯрад. Мехост зудтар соҳибаш омада барад.
Аз байн чанд рӯз гузашт. Як пагоҳӣ занҳо ба таги дарвоза чақ-чақ мекарданд, ки зане бо овози баланд садо кард:
— Акаи Наврӯз, уууу акаи Наврӯз.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё