Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

АфсонаКӯдаконНаврасон
Аз аввал хондан

Дигар сахт одат карда буданд. Хирс дӯсти вафодори боғбон шуд.

Рӯзе боғбон пас аз кору бори боғ бо хирс хӯрок хӯрд. Дили боғбон ба асал рафт. Ним коса асалро бо ним нон хӯрд. Шираҳои асал ба ришаш часпид. Нисфирӯзӣ буд. Ҳаво хеле гарм шуд. Боғбон ба рӯи суфа дароз кашиду хобаш бурд. Пашаҳои зиёд омада, ба риши боғбон часпиданд. Хирс ҳам чун одат онҳоро меронд, вале намешуд. Пашаҳо зиёд шуданд. Хирс онҳоро меронд, вале онҳо зуд омада, боз ба риши аз асал шириншудаи боғбон менишастанд. Ногаҳон аз куҷое чанд занбӯр омада, ба риши ширини боғбон нишаст. Хирс онҳоро ронд, вале боз омаданд. Занбӯру пашаҳо зиёд шуданд. Ҳамин дам хирс дар ғазаб шуду аз поёни суфа як харсанги калонро гирифта оварду ба болои занбӯру пашаҳо, ки ба ришу рӯи боғбон нишаста буданд, зад. Пашаву занбӯрҳо ба ҳар тараф париданду сари боғбон ба рӯи болишт ҳамвор шуду ӯ ҷо ба ҷо мурд.

Барои ҳамин гуфтаанд, ки душмани доно аз дӯсти нодон беҳтар аст. Агар ин боғбон ҳам аз байни одамон дӯсти доное медошт, ба ин аҳвол гирифтор намешуд.

пешина
аз 264
навбатӣ