Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

АфсонаКӯдаконНаврасон
Аз аввал хондан

ЛАЪЛИ ХАНДОН

Буд, набуд, дар замонҳои гузашта се мард буд. Яке савдогар, дуввумӣ ҳунарманд ва сеюмӣ раиси деҳ.

Номи савдогар Ҳашмат буд. Корвони аспу шӯтурҳо дошт. Бо корвони аспу шӯтурҳояш ба кишварҳои олам мерафту бор меоварду мефурӯхт. Соҳиби давлату сарвати зиёд буд.

Дигаре Ҳикмат ном дошт, аз чӯб ҳар чизе метарошид, месохт, ба бозор мебурду мефурӯхту зиндагии осуда мегузаронд.

Сеюмӣ, ки ба ҳар кас машварат медод, мардумро роҳнамоӣ мекард, ӯро Ҳиммат мегуфтанд. Ӯ раиси деҳ буд.

Ҳашмат соҳиби замин, ҳавлии калони бодабдаба, боғу роғ, рамаву гала, аспу шутур, молу мулки зиёд буд. Ӯ ишқбоз буд. Ошиқи духтарони соҳибҷамол буд. Ба ҳар шаҳре равад, ба як духтаре ошиқ мешуд. Ҳашмат пай дар пай ба се духтари зебо хонадор шуд. Ба ҳар сеи инҳо се қаср сохт. Худаш ҳар сол чанд моҳ онҳоро мегузошту бо корвони аспу шӯтурҳояш ба савдогарӣ мерафт. Вале аз ҳар се занаш фарзанд надошт.

Ҳикмат низ ба чӯб теша мезад, метарошид, мехарошид, мешикофид, ороиш медоду чизе месохт ва бо ҳавас ба бозор мебурду мефурӯхт. Ӯ бо

пешина
аз 264
навбатӣ