Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

КӯдаконНаврасонАфсона
Аз аввал хондан

ОҲАНРО МУШ ХӮРД

Дар замонҳои қадим як одаме буд. Вай савдогар буд. Ҳар чизе ҷамъ мекарду мефурӯхту зиндагиашро пеш мебурд. Ин савдогар дӯсте дошт. Ҳавлии дӯсташ калон буд. Гоҳе баъзе чизҳоро ба хонаи вай мегузошт. Зимни фаъолият кори савдогар омад карду аз куҷое оҳани бисёр ҷамъ кард. Дар ҳавлии худаш ҷо набуд. Фикр кард, ки инро ба ҳавлии дӯстам гузорам. Дӯсташ ҳам розӣ шуд. Оҳан чанд муддат дар ҳавлии ӯ буд.

Рӯзе савдогар ба сафар меравад. Сафараш дуру дароз мешавад. Кораш барор намегирад. Тиҷораташ омад намекунад. Ночор бо дасти холӣ ба ватанаш бармегардад. Муҳтоҷ мешавад. Ба ёдаш ҳамон оҳан мерасад. Ба ҳавлии дӯсташ меояд, то ки оҳанро гираду фурӯшаду корашро пеш барад. Ба ҳавлии дӯсташ меравад. Дӯсташ ӯро хуш мепазирад. Ба дӯсташ мегӯяд:
— Корам барор нагирифт. Барои ҳамон оҳан омадам. Бараму фурӯшаму рӯзгорро пеш барам.

Дӯсташ он оҳанро баргардондан намехост. Намедонист, ки ба дӯсташ чӣ гӯяд. Яке ба ӯ гуфт:
— Он оҳанро ба анбор гузошта будам. Он ҷо муш пайдо шудасту ҳамаашро хӯрдааст.

пешина
аз 264
навбатӣ