Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

КӯдаконНаврасонАфсона
Аз аввал хондан

Подшоҳ ҳанӯз саломро алейк нагирифта ба духтар нигоҳ карду шинохт, ки духтараш. Аз ҳуш рафт. Об оварда, ба рӯи падараш заду сари падарро ба рӯи зону гирифта, бо остинаш шамол дод. Подшоҳ ба ҳуш омад.
– Ту кистӣ?
– Падарҷон, ман Хайрӣ.
– Ин ҷавон кист?
– Ҳамон аспбони шумо, Наим.

Подшоҳ, ки пиру дилшикаста буд, дунёи торикаш чароғон гашту шод гардид. Наберааш давида омада ба гардани бобояш часпид. Подшоҳ духтарашу домодасро тӯй карда, мардумро чил шабу чил рӯз ош дод. Баъд духтари доноашро ба ҷои худ подшоҳ карда гуфт: «Бале, духтарам, ҳамон зоғ дуруст гуфта будааст, ки «Мардро мард мекардагӣ зан аст, мардро номард мекардагӣ зан ҳам аст».

Ана, инҳо ба муроду мақсадашон расиданд, Худоё, мову шумо ҳам бирасем.

пешина
аз 264
навбатӣ