Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа
Ин ҳамин зогро фаҳмида биё, агар надонӣ, ба дорат мекашам.
Вазир ғамгину дилсиёҳ ба хонааш омад.
Духтари вазиру духтари подшоҳ дугона буданд. Қариб ҳар рӯз якдигарро медиданд. Ҳоло чандин рӯз аст, ки духтари вазир намеояд. Аз байн сӣ ва нӯҳ рӯз гузашт. Духтари подшоҳ ҳайрон мешаваду дар дилаш: «дугонаам касал шуд, чӣ шуд» гуфта, барои хабаргирӣ меравад. Хабаргирӣ омада, духтари подшоҳ аз духтари вазир мепурсад:
– Ҳа, дугонаҷон, чӣ шуд? Чандин бор канизама фиристодам, наомадӣ?
Духтари вазир гуфт:
– Э, дугонаҷон, фардо рӯзи марги падарам.
– Чӣ хел? Нафаҳмидам.
– Падарат падарамро фардо ба дор мекашад.
– Барои чӣ, чӣ шудааст?
– Як рӯз ҳар дуяшон ба чорбоғ қадам зада гарданд, ду зоғ омадасту яке «қанкӣ» кардасту дигараш «кункӣ». Падарат гуфтаст, ки ба ту чил рӯз муҳлат, агар ҳаминро наёбӣ, ба дорат мекашам.
Духтари подшоҳ гуфтаст:
– Э ҳамин ҳам гап шуд магар. Ин тамоман осон аст. Ман бароят мегӯям, рафта ба падарат бигӯ. Зоғи якум «қанкӣ» кард, маъниаш ин аст, ки «марда мард мекардагӣ зан», зоғи дуюм «кункӣ» кард, маънояш «мардро номард мекардагӣ ҳам зан».
Духтари вазир тохта аз ҷояш хеста аз сару рӯи дугонааш бӯсиду ба вай ташаккур гуфта, давида пеши падараш омад. Бечора вазир кафан дар даст

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё