Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

АфсонаКӯдаконНаврасон
Аз аввал хондан

рифтор буд. Танҳо як духтар дошт. Ин духтар бисёр зираку донову кордону ҳунарманд буд. Дӯхтану пухтану ҳама корро хуб ёд гирифта буд. Ба бечорагон ёрдам мекард. Ҳар боре ки духтараш ба дармондагон дасти ёрӣ дароз кунад, агар подшоҳ фаҳмад, меранҷиду мегуфт:
– Гӯш кун, медонӣ, ҳамин зоғҳо чӣ мегӯянд.
– Не, падарҷон.
– Мегӯянд, ки «марда мард мекардагӣ зан, марда номард мекардагӣ зан». Ту ба ҳар касу нокас беҳуда ёрдам карда, обрӯи маро набар. Агар як бори дигар ба бечорагон ёрдам кунӣ, туро ба назди Наими тамбал мефиристам.

Духтар ҳам қаҳр мекарду мегуфт:
– Майлаш фиристед. Ман ҳамун Наимро чунон одам кунам, ки тамоми мардум дар ҳайрат монад.

Подшоҳ аз чунин гуфтори духтараш дар ғазаб мешуду вале ночор ғазабашро фурӯ мебурд.

Як рӯз подшоҳ бо вазираш дар чорбоғаш саёҳат карда, гулу дарахту парандаҳову ҳама чизро тамошо карда мегашт, ки ногоҳ ду зоғ омад. Ба тарафи подшоҳ нигоҳ карда яке «қанкӣ» карду дигараш «кункӣ» кард. Подшоҳ ба ин ҷонварон нигоҳ карду хандид. Вазир ин табассуми подшоҳро дида пурсид:
– Олиҷаноб, чаро дар лабатон табассум дамид?
Подшоҳ ҷавоб дод:
– Чӣ, намедонӣ?
– Не, – гуфт вазир.
– Агар надонӣ, ба ту чил рӯз муҳлат. Чӣ гуфта-

пешина
аз 264
навбатӣ