Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

АфсонаКӯдаконНаврасон
Аз аввал хондан

Дар хона гиря карда хоб рафтааст. Духтараш даромада гуфт:
– Падарҷон, падарҷон, ёфтам, ёфтам.
Падар базӯр нобоварона ба духтараш нигоҳ карда пурсид:
– Чӣ будааст?
– Падарҷон, духтари подшоҳ ҷавобашро ба ман гуфт: Зоғи аввал гуфтааст, ки «марда мард мекардагӣ зан», зоғи дуюм гуфтаст, ки «марда номард мекардагӣ ҳам зан».
Вазир ҷавоби духтарашро шунида шод шуда, фардо пагоҳӣ либосҳои фасонашро пӯшида назди подшоҳ меравад. Даромада салом медиҳад. Подшоҳ чой хӯрда шишта буд. Мепурсад:
– Валайкум бар салом, марҳамат, биё, ёфтӣ?
– Олиҷаноб, ёфтам.
– Марҳамат, як пиёла чой. Чӣ будааст?
– Зоғи аввал гуфтааст, ки «марда мард мекардагӣ зан», зоғи дуюм гуфтаст, ки «марда номард мекардагӣ ҳам зан».
– Дуруст, ёфтӣ. Лекин росташро гӯй, ин ҷавобро аз куҷо ёфтӣ? Кӣ бароят гуфт?
Вазир ҳам росташро гуфт:
– Духтари шумо ба духтарам гуфтаст.
Подшоҳ ин гапро шунида асабонӣ мешавад:
– Воҳ! Ин чӣ гап! – гуфт, як ҳанҷари дудамро гирифта ба қаср даромада аз занаш мепурсад:
– Духтарат дар куҷост?!
Занаш ҳолати подшоҳро дида, бо тарс ҷавоб медиҳад:
– Ҳозир, дар ҳамин ҷо буд.

пешина
аз 264
навбатӣ