Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа
Лекин чанд сол шудааст, ки дар ҳамин мобайни дарё шах шуда мондааст. Ҳатто паҳлу гашта наметавонистаст. Бипурс, ки сабабаш дар чист?
Бача ба ин ҳам гуфт:
– Майлаш, ҳатман мепурсам.
Боз рафт. Ҳеҷ не, ки ба охири дунё расад. Боз нисфирӯзӣ аз аспаш фуромад. Каме истироҳат кард, нонашро ба об тар карда хӯрду боз рафтан гирифт. Охири дунё маълум нест. Ба як теппа расид. Дар дилаш гуфт, ки шояд дар пушти ҳамин теппа охири дунё асту моҳ ҳам дар ҳамон ҷост. Чилави аспашро гирифта, пои пиёда ба теппа буромаду фуромад, ки роҳ давом дорад. Аспашро басту ба як таги дарахт такя карда нишаст.
– Тани ман, тақдири ҳақ – гуфта, ба Худо нола карда гирист.
Чи хеле ки «Худо аз ғайб диҳад» мегӯянд, дар ҳамин ҷо хобаш бурд. Дар хобаш дид:
«Ин бачаро бинед, тақдираш ба духтари подшоҳ аст, бечораро саргардон карданд. Гумон карданд, ки ин мурда меравад. Эй бача, ту намемурӣ. Ба ҷое расидию ҳавзи беобро дидӣ. Дар чор гӯшаи вай, чор хум тиллову ҷавоҳир, вале об надорад. Чор гӯшаи ҳавзро канда хуми тиллоро гир. Як ҷо расидӣ, ки як бобо дарахтҳои мевадори нағз дорад, вале дарахтҳо ҳосил надоранд, ба ивази ҳосил ҳар барги дарахт тиллоӣ аст. Агар тамоми богро пойбел кунанд, боғ ба ҳосил медарояд. Ба як ҷои дигар расидӣ, ки ҳафт сол ин ҷониб одамони он макон дар рӯз одаму дар шаб саг. Эй ҷавон, ту баргард. Моҳро овардан номумкин аст. Аввал ба ҳамон одамон бигӯй, ки шумоҳон аз ҳафтсола то ҳафтодсола

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё