Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

АфсонаКӯдаконНаврасон
Аз аввал хондан

Ғусл кунетон. Баъд ҳафт духтари ба балогат расида доретон, ин ҳафт духтарро одам ёфта, хоҳ чӯлок, хоҳ шал, хоҳ кал, никоҳ карда ба шавҳар диҳетои.
Он вақт инҳо шабу рӯз одам мешаванд. Баъд ба дарё ба назди ҳамон аждаҳо рав. Ин аждаҳо як замоне ба як одами неки олим ҳамла карда, бо тамоми дороияш вайро фурӯ бурда буд. Ту ба наздаш рафта гӯй, ки даҳонатро кушо. Баъд калтакро ба даҳонаш тела деҳ. Аждаҳо ҳар чи дар дилу чигараш ҳаст, қай мекунад. Баъд вай аждаҳо ба кӯҳ мераваду моҳии дар паҳлуи вай буда ба об. Ту баъд ба ҳамон духтари подшоҳ хонадор мешавӣ».

Бача баъди ин хоббинӣ бедор мешаваду як оҳи сард мекашаду чанд лаҳза ба андеша фурӯ меравад. Баъд худ ба худ мегӯяд «дар ҳақиқат, моҳ дар осмон аст, вайро овардан номумкин аст».

Аз роҳаш пас мегардад. Бача аввал пеши он одамҳое меояд, ки рӯз одаму заб саг. Ба онҳо мегӯяд:

— Ман аз пеши моҳ баргаштам. Шумо аз ҳафтсола то ҳафтодсола ғусл кунед. Ҳафт духтари бешавҳар доред, онҳоро ҳатман ба шавҳар диҳед.

Бача як ҳафта ба он макон мегардад. Онҳо гуфтаи бачаро иҷро мекунанду ҳам рӯзу ҳам шаб одам мешаванд. Ҳама аз шодӣ мегӯянд, ки мо дигар як умр хизматгори ту.

Бача ғулом буданашро ба касе намегӯяд. Ин сагодамон ба вай ҳамроҳ мешаванд. Ин бача мегӯяд, ки не, бо ман наоед. Онҳо, не, мо хизматгори ту мегӯянд, ту ба дарди мо даво ёфтӣ, мо як умр хизматгори ту ҳастем.

Баъд бача ба пеши он бобои деҳқон меояд.
Одамсагҳо ҳамроҳ мешаванд. Ба бобо мегӯяд:

пешина
аз 264
навбатӣ