Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

АфсонаКӯдаконНаврасон
Аз аввал хондан

Бача ин гапро шунида ҳайрон монд. Дид, ки онҳо одамони хуб, меҳмоннавозу одамдӯст. Ҳам худаш ва ҳам аспашро хӯрок доданд. Дилаш ба онҳо сӯхт. Баъд ба онҳо рӯ оварда гуфт:
– Албатта, мепурсам.

Бача бо онҳо низ хайру хуш карду баромада рафт. Рафтан гирифт, рафтан гирифт, рафтан гирифт, ҳеҷ не, ки ба охири дунё расад. Боз нисфирӯзӣ аспашро ба як буттаяк баста, як пар нони қоқашро бо оби хунук хӯрда, баъд аспашро савор шуда, боз ба роҳаш идома дод. Рафт, рафт, рафт, ки аз пешаш як дарё баромад. На сар дораду на нуг. Дар даруни дарё як аждаҳо ба мисли як кӯҳи азим хоб аст. Аз фашшосаш замину замон меларзад. Дар паҳлуи аждаҳо як моҳӣ, ки вай ба даруни дарё рафта наметавонад. Бача инро дида ҳайрон монд. Ҳамин дам аждаҳо бо қудрати Худо ба гап даромада гуфт:
– Ҳей бача!
– Ҳа – гуфт.
– Куҷо меравӣ?
– Ба овардани моҳ меравам.

Аждаҳо дар дилаш гуфт, ки ин «ба моҳ мерафтаст, албатта одами одӣ нест». Ба бача гуфт:
– Натарсида аз пушти ман гузар.

Бача бо аспаш аз пушти аждаҳо ба он тарафи дарё гузашту ба аждаҳо:
– Ташаккур – гуфт.

Аждаҳо ҳам аз бача хоҳиш кард:
– Модоме ки назди моҳ меравӣ, аз ту як хоҳиш дорам; аз моҳ пурсон шав, ки дар фалон ҷо як аждаҳо будаст. Аз дарё гузашта ба кӯҳ мерафтаст.

пешина
аз 264
навбатӣ