Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

АфсонаКӯдаконНаврасон
Аз аввал хондан

Ҳуҷум карда, кушодан мехостанд. Вале дарҳо мехку кулф задагӣ буд, кушода наметавонистанд.

Бача ин ҳолатро дида, пушташро ба девор такя дода нола карда нишаст. То дамидани субҳ ҳамин аҳвол идома дошт. Баробари дамидани субҳ ҳама ҷо ором шуду ғанаби бача бурд. Рӯз шуд. Ҳамон одамҳое, ки пешвоз гирифта буданд, омаданду дари хонаро тақ-тақ заданд. Бача давида ба пеши дар омад. Гуфтанд, ки:

– Меҳмон калидро диҳед.

Бача калидро доду ба сару рӯи онҳо нигоҳ кард, ки ҳама ҷо харошидагӣ, хуншор, дасту остин даридагӣ, ҳайрон монд. Ин аҳволро дида дилкаф шуд. Аз дил гузаронд, ки «шояд шаб сагҳо инҳоро ханҷолу хуншор кардаанд». Дарро кушоданд. Меҳмонро ба сари дастархони пурнозу неъмат даъват карданд, ҳамроҳ нону чой хӯрданду баъд аз бача пурсиданд:

– Меҳмон, мебахшед, пурсидан айб надорад, шумо куҷо меравед?

Бача тарсида, ларзида гуфт:

– Ман барои овардани моҳ меравам.

Ин гапро шунида онҳо ҳам барояш ихлос карданд. Худ ба худ гуфтанд, ки «ин ба моҳ мерафтаст, одами андак-мундак набудагист». Баъд яке аз онҳо гуфт:

– Меҳмон, агар шумо ба моҳ равед аз шумо як хоҳиш.

– Марҳамат, гӯед – гуфт.

– Аҳволи мо бисёр вазнин. Ҳамин ҳафт сол мешавад, ки мо дар рӯз одам, дар шаб саг. Вақте ки ба моҳ расидед, пурсед, ки чаро аҳволи мо ин хел?

пешина
аз 264
навбатӣ