Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

АфсонаКӯдаконНаврасон
Аз аввал хондан

– Писарам, ба шумо роҳи сафед. Шумо ба моҳ меравед. Аз шумо як хоҳиш. Вақте ки ба моҳ меравед, пурсед. Як бобо, як заминро гирифта обод кардаст. Дарахтҳои мевадори гуногун шинондааст, лекин ба ивази ҳосил, баргаки тиллоӣ мерӯяд. Вай чӣ кор кунад, ки боғаш ба ҳосил дарояд.

– Хуб, бобоҷон, албатта мепурсам – гуфту бача боз ба роҳаш рафт.

Бача рафтан гирифт, рафтан гирифт, рафтан гирифту нисфирӯзӣ ба як ҷо расиду аспашро ба як бутта баст, то ки каме чарад. Худаш ҳам як пар нони қоқашро бароварда хӯрду баъд ба аспаш савор шуда, боз рафтан гирифт. Бегоҳӣ, ҳанӯз торик нашуда, аз пешаш боз як дарвозаи кушода баромад. Аз асп фуромаду аз ҷилаваш гирифта, ба ҳамон дарвозаи кушода даромад.

Чанд кас зуд ба пешвозаш омада, аспро аз дасташ гирифта, бурда ба саисхона бастанду ҷав доданду аз болои дари саисхона мех заданд. Худашро меҳмон карданд. Барояш хӯрок оварданд, ҳамроҳаш хӯрок хӯрда, баъд ба як хона ҷо карда, аз болои бача ҳам дарро пӯшонда, кулф карданд. Калидро аз таги дар ба худи бача доданду рафтанд. Бача тарсиду худ ба худ гуфт, ки «аҷалам аз дасти ҳаминҳо будаст».

Онҳо рафтанду торикӣ ҳам расид. Намедонем, аз куҷо, аз осмон аст, ё аз замин аст, гӯё саг борид. Ин сагҳо яке дигареро чунон мегазиданду мехоиданду ҷанг мекарданд, ки бача ин аҳволро дида тарсид. Сагҳо ба якдигар ҳуҷум карда, гоҳе ба дари асп дармеафтоданду гоҳе ба дари бача

пешина
аз 264
навбатӣ