Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

АфсонаКӯдаконНаврасон
Аз аввал хондан

– Тақдири ҳар одамро вақти аз падар ба модар гузаштан менависам. Тақдири духтари шумо барвақт навишта шудааст.

Подшоҳ зуд бо ҳаяҷон пурсид:

– Гуфта метавонед, ки тақдири духтари ман ба кӣ навишта шудааст?

Пирамард як чашмашро пӯшонду баъд кушода гуфт:

– Бале, тақдири духтари шумо ба ғуломи дари хонатон навишта шудаст.

Подшоҳ ғамгин шуду боз пурсид:

– Э воҳ, тақдирашро дигар карда намешавад?

– Не, – гуфт тақдирнавис.

Баъд подшоҳу вазир ба асп савор шуда аз лаби дарё ба арк баргаштанд. Подшоҳ ин гапро шунида хеле зиқ шуд. Вазир дилдорӣ карду бо ғурур гуфт:

– Э, подшоҳи олам, ғам нахӯред. То ба балоғат расидани духтаратон вақт зиёд аст. Кори намешудагӣ нест, зарур бошад, тақдирро тадбир мекунем.

Рӯз гузашт, моҳ гузашт, сол гузашту ин духтар ба балоғат расид. Подшоҳро ғам гирифт. Баъд ба вазир гуфт:

– Гӯш кун. Духтар калон шудааст. Ту гуфта будӣ, ки тақдирро тадбир мекунем. Ҳоло чӣ кор кунем?

– Э, подшоҳи олам, ин осон аст, – гуфт, – ҳамин ғуломатонро ба наздатон даъват кунед. Вай давида меояд. Ман аз номи шумо ба вай мегӯям, ки рав, барои подшоҳ моҳро гирифта биё, агар гирифта наёӣ, сарат аз танат ҷудо мешавад. Вай бу-

пешина
аз 264
навбатӣ