Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

АфсонаКӯдаконНаврасон
Аз аввал хондан

ТАҚДИРРО ТАБДИР
КАРДА НАМЕШАВАД

Буд, набуд, як подшоҳ буд. Зани подшоҳ ҳомила буд. Вақташ расиду духтардор шуд.
Подшоҳ мехост, ки писардор шавад. Зиқ шуд.
Подшоҳ як вазири зирак дошт. Баъди се рӯз, барои он ки зиқии подшоҳ барояд, вазир подшоҳро ҳамроҳи худ гирифта, ба асп савор шуда, саёҳаткунон ба лаби дарё рафтанд. Аз аспҳояшон фуромада, қадамзанон рафтан гирифтанд, ки аз пешашон як пирамарди сафедпӯш баромад. Ин пирамард дар лаби дарё нишаста, ба қоғазе чизе навишта ба об мепартофт. Як қоғаз, ки ба об рафт қоғази дигарро навишта мепартофт. Подшоҳу вазир аз ин рафтори вай дар ҳайрат монданд. Салом доданд. Баъд подшоҳ аз вай пурсид:
– Шумо кистед?
Пирамард ҷавоб дод:
– Ман тақдирнавис.
Ба ёди подшоҳ духтари навзодаш расиду гуфт:
– Шумо тақдирнавис бошед, аз шумо як хоҳиш, ҳамин се рӯз шуд, ки Худо ба ман як оҷиза дод, тақдири ҳамонро ба як ҷавони нағз нависед.
Баъд тақдирнавис гуфт:

пешина
аз 264
навбатӣ