Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

АфсонаКӯдаконНаврасон
Аз аввал хондан

Як бибӣ мегӯяд:
— Майлаш-майлаш, ҳозир медиҳем. Мо пирем духтарам, аввал ту моро зада-зада, ба ҳавз бурда, оббозӣ доранда биёр.

Чаҳтоб як говронро гирифту ҳар се кампирро зада-зада бурда, ба об дароварда боз зада-зада оварда дар ҷояшон мешинонад. Бибии дигар мегӯяд:
— Духтарҷон, ҳамин сараки моро бин.

Чаҳтоб мегӯяд:
— Не, намебинам, пахтаи маро тоза карда диҳед.

Бибии сеюм мегӯяд:
— Ҳамин хонаи моро рӯб, духтарҷон баъд мо пахтаи туро тоза карда медиҳем.

Рафту — ҳаром ҳалол ба рӯфтани хона шурӯъ кард. Гилемҳоро боло бардошта дид, ки таги гилем пури тиллову танга. Дар дилаш «худо дод» гуфту зуд ба нифаи эзораш, остинаш тиллову тангаи зиёдро печонда гирифт. Баъд бибиҳо ба Чаҳтоб гуфтанд:
— Духтарам, як дар ҳамин арғунчак бипар. Баъд мана ин тугуни пахтаатро гирифта рав.

Ба арғунчак парида буд, ки тиллову танга аз баданаш шақар-шукур рехтан гирифт. Бибиҳо диданд, ки духтар маккору бадкор аст. Тугуни пахтаро ба дасташ доданду гуфтанд:
— Ма, пахтаатро гирифта рав, духтарам. Аз пешат як об мебарояд ба вай рӯятро бишӯ, як об мебарояд мӯю қошу мижгонаро бишӯ, боз як об мебарояд пешонетро бишӯ. Агар пешонаву ма-

пешина
аз 264
навбатӣ