Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

АфсонаКӯдаконНаврасон
Аз аввал хондан

мешаванд. Боз рафтан мегирад. Аз пешаш оби сафед мебарояд. Дар он рӯяш, дасту панҷоҳашро шуста оббозӣ мекунад. Тамоми баданаш сап-сафед зебо мешавад. Баъд ба оби сеюм пешонаву манаҳашро мешӯяд, ки аз пешонаш як моҳу аз манаҳаш як ситора мебарояд.

Рӯз торик мешаваду Маҳтоб ба хона мерасад. Ҳамин ки Маҳтоб ба ҳавлӣ медарояд, модаркалондору духтараш ӯро зебову дилрабо дида, дар ҳайрат мемонанду ба мисли саги девона ба вай дармеафтанд. Маҳтобро дашному нафрим мекунанд. Зада-зада ба хона дароварда, мепурсанд. Маҳтоб аз тарс кӯтоҳакак воқеаи шударо мегӯяд, вале ёрдам кардани говашро намегӯяд. Шаб Чаҳтоб ба модараш мегӯяд, ки «фардо ман говро ба саҳро мебарам, ман ҳам мехоҳам хушрӯ шавам». Рӯзи дигар модар Чаҳтобро бо гови кабӯд ба саҳро мефиристад. Ба вай ҳам як тугуни пахта медиҳад. Вай говро бо калтак зада-зада рост ба лаби ғор меравад. Тугуни пахтаашро ба лаби ғор мегузорад. Шамол тугунро ба даруни ғор мебарад. Чаҳтоб ҳам ба ғор медарояд. Мебинад, ки се бибӣ шиштагӣ. Тугуни пахта ба пеши онҳо. Духтар, на салому на алейк, бо асабоният ба сари онҳо дод мезанад:

– Э лаънатиҳо, гиред пахтаи маро тоза карда диҳед!

Онҳо мегӯянд:

– Ҳа, пахтет ба пеши мо, биё духтаракам, шин дуо гир.

Ман безори дуо, пахтаи маро тоза карда диҳед.

пешина
аз 264
навбатӣ